Ҳалокати кӯдаки панҷсола дар садама

© Sputnik / Илья Питалев / Гузариш ба медиабонкАвтомобили на проезжей части, архивное фото
Автомобили на проезжей части, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кӯдаки панҷсола дар паси садамаи нақлиётӣ дар ноҳияи Ҷалолиддини балхӣ ҷон бохт

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии ВКД ҶТ, ин фоҷиа дирӯз, 30 август тақрибан соати 10:30 ба вуқӯъ пайвастааст.

Манбаъ хабар медиҳад, ки ронандаи худрави тамғаи "Опел-Астра", Сафарҷон Шарифов, соли таваллудаш 1983, сокини ҷамоати деҳоти Ҳалеварди ноҳияи Ҷалолиддини Балхӣ, ҳангоми ҳаракат аз самти деҳаи Максим Горкий ба самти ноҳияи мазкур, аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада кӯдаки панҷсола — Суҳроб Расуловро пахш кардааст.

Дар натиҷа кӯдак ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта дар бемористон ба ҳалокат расидааст.

Манбаъ меафзояд, ки ин қазия мавриди таҳқиқ қарор дорад.

Лентаи хабарҳо
0