Пардаи Каъба ҳар сол рӯзи нуҳуми зилҳаҷҷа (рӯзи Арафа), як рӯз пеш аз Иди Қурбон ва замоне, ки тақрибан ҳама ҳоҷиён барои анҷоми амали вуқуф дар сарзамин Арафот ҳузур доранд, иваз мешавад.
Мутобиқи суннати дерина пардаи хонаи Худо нав мешавад то Масҷид-ул-Ҳаром барои истиқбол аз зоиронаш дар Иди Қурбон омода бошад.
Пардаи Каъба аз ҷинси ҳарири табиии холис ва ба ранги сиёҳ ба баландии 14 метр ва нақшбаста ба оёти Қуръони Карим аст, ки бо хатти зебо, нахҳои тилло ва нуқра бофта шуда ва аз даҳҳо кило тилло ва нуқра дар он истифода шудааст.
Дар навори атрофи ин парда ибороти "Ё Ҳайю ё Қайюм", "Ё Раҳмону ё Раҳим ваалҳамдулиллоҳи раббил оламин" бо нахи тилло дӯхта шудааст.
Пардаи хонаи Худо аз панҷ қитъа ташкил шудааст, ки ҳар қисмат як тарафи Каъбаро мепушонад ва қитъаи панҷум ҳам дари Каъбаро дар бар мегирад.