Пардохт осонтар мешавад: дар автобусҳои Душанбе корти электронӣ насб мешаванд

© Sputnik / Михаил Киреев / Гузариш ба медиабонкОплата проезда электронными картами, архивное фото
Оплата проезда электронными картами, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Автобусҳо ва троллейбусҳои пойтахт бо дастгоҳҳои пардохти электронӣ муҷаҳҳаз хоҳанд шуд, ки ин баъзе аз мушкилиоти пардохти ҳаққи роҳкироро осон мекунад

ДУШАНБЕ, 31 авг — Sputnik. Дар василаҳои мусофирбарии умумии шаҳри Душанбе аз ин пас низоми пардохти электронии Citycard роҳандозӣ мешавад.

Чуноне, ки пештар хабар дода будем, чанде пеш дар пойтахти Тоҷикистон дастгоҳҳои пардохти электронӣ бо муваффақият озмоиш шуда буданд.

Роҳандозии ин таҷҳизот пардохти роҳкироро  осонтантар мекунад ва баҳсҳо бар сари пас додани бақияи пул ҳалли худро меёбад.

Citycard-ро метавон аз дастгоҳҳои фурӯш, ки дар истгоҳҳо насб мешаванд, дарёфт кард. Ин кортро ҳамчунин метавон аз телефони ҳамроҳ ва терминалҳо пур кард. Ҳар корт 6 таъриф дорад, ки ҳар мусофире метавонад якеро интихоб кунад.

Пас аз фаъол гардидани системи электронӣ дар нақлиёти умумӣ пардохт шудан ё нашудани роҳкироро нозирҳои мусофирбарӣ баррасӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, то поёни ин сол ҳама василаҳои мусофирбарии умумии шаҳрӣ бо ин дастгоҳҳо муҷаҳҳаз карда хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0