ДУШАНБЕ, 30 авг- Sputnik. Тавре равобити умумии Ҳукумати шаҳри Душанбе иттилоъ медиҳад, дар пойтахт Маҷмааи нави таълимии Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон ифтитоҳ гардидааст.
Бино бар иттилои манбаъ, дар маросими ифтитоҳи бино сарвазири ҷумҳури Қоҳир Расулзода ва раиси шаҳри Душанбе Рустам Эмомалӣ ширкат карданд.
Маҷмааи нав аз 2 блоки таълимӣ — блокҳои А ва В иборат буда, дар панҷ ошёна ҷойгир шудааст.
Дар маҷмӯъ бинои нави таълимии донишгоҳ дорои 79 ҳуҷраҳои дарсиву корӣ, 5 толори хурду калони муҷаҳҳаз бо 345 адад компютер ва таҷҳизоти технологӣ, тахтаҳои электронӣ, бештар аз 80 адад камераҳои назоратӣ, мизу курсиҳои наву ҳозиразамон, монитору банерҳои фанниву умумӣ, муляжу маникен буда, аз 1920 ҷойи нишаст иборат аст.
Дар Маҷмааи нави таълимӣ барои сабақомӯзӣ ва корҳои амалӣ тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда шуда, таҷҳизоти муосири он имконият медиҳад, ки донишҷӯён на танҳо дарсҳои назариявӣ, балки ташхисҳои ниҳоят дақиқро бо сифати баланд, ҷавобгӯй ба талаботи байналмилалӣ ва сарфи ками нерӯи инсонӣ анҷом диҳанд.
Гуфта мешавад барои бунёди иншооти мазкур 17 милюн сомонӣ сарф шудааст.