ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Субҳи имрӯз раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ифтитоҳи бинои нави Академияи ВУД ҶТ ширкат варзида дар назди ҳозирон суханронӣ кард.
Раисҷумҳур пеш аз ҳама тамоми донишомӯзони кишварро ба муносибати оғози соли нави хониш муборакбод гуфт.
Ӯ таъкид дошт, ки академия дар тарбияи кадрҳои баландихтисос барои мақомоти ҳифзи ҳуқуқ саҳми назаррас дорад ва кормандону хатмкардагони он дар мубориза бо табоҳкориву ҷинояткорӣ ва таъмини волоияти қонун хидмат мекунанд.
Ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон, дар солҳои ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар кормандони милиса дар қатъи ҷангу хунрезӣ ва барқарор намудани сохти конститутсионӣ саҳми арзишманд гузоштаанд.
"Мо ба ҳамаи кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ изҳори миннатдорӣ карда, хотираи неки онҳоеро, ки барои барқарор кардани сохти конститутсионӣ қурбон шудаанд, абадан пос медорем",- ёдоварӣ кард кишвардори Тоҷикистон.
Эмомалӣ Раҳмон устодони акадесмияро вазифадор кард, ки шогирдонашонро дар рӯҳияи ҳисси баланди миллӣ, ватанпарастиву садоқат, ҳифзи манфиатҳои милл тарбия кунанду пеш аз ҳама худашон намунаи ибрат бошанд.
"Итминони комил дорам, ки кормандони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ зимни фаъолияти худ манфиатҳои миллиро аз ҳама боло гузошта, донишу малака ва ҳатто ҳастии худро ба ин ҳадафи олӣ равона месозанд",- қайд кард раисҷумҳур.
Зеро мақомоти корҳои дохилӣ, дигар мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои низомӣ дар ҳифзи арзишҳои олии давлатдорӣ, таъмини амнияти давлат ва ҷомеа, яъне волоияти қонун нақши калидӣ доранд, афзуд вай.
Дар Тоҷикистон бо фармони раисҷумҳур "Стратегияи ислоҳоти милитсия барои солҳои 2013-2020" қабул гардидааст, ки ба гуфтаи Эмомалӣ Раҳмон давра ба давра татбиқ мешавад.
"Ин санади муҳим дар баробари дигаргуниҳои ҷиддӣ дар самти беҳсозии заминаҳои моддиву техникӣ тақозо менамояд, ки корманди милитсия хислатҳои беҳтарини инсониву одоби баланди муошират дошта, хайрхоҳу одамдӯст бошад ва аз нигоҳи равонӣ, ҷисмонӣ ва ирода устувор буда, ба Ватан ва халқи худ содиқона хизмат намояд",- қайд кард раисҷумҳур.
Эмомалӣ Раҳмон таъкид кард, ки хизмат дар сафҳои милиса поквиҷдонӣ, эҳтиром ба қонун ва ҳуқуқи озодиҳои инсонро тақозо намуда, кормандони мақомот набояд ба тамаъҷӯӣ, беэҳтиромӣ нисбат ба шаҳрвандон ва истифодаи усулҳои номатлуби таҳқиқу тафтиш роҳ диҳанд.