ДУШАНБЕ, 30 авг — Sputnik. Имрӯз кишвардори Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Ҷумҳурии Мардумии Чин сафар кард, иттилоъ медиҳад дафтари матбуотии раисҷумҳури Тоҷикистон.
Бино бар иттилои манбаъ, ҳадафи сафари давлатии раисҷумҳур ширкат дар Ҳамоиши IX сарони давлатҳои узви БРИКС мебошад.
Бино бар иттилои манбаъ, дар ин сафар Эмомалӣ Раҳмонро Вазири корҳои хориҷӣ, Ёрдамчии раисҷумҳури Тоҷикистон дар масоили робитаҳои хориҷӣ, Вазирони рушди иқтисод ва савдо, энергетика ва захираҳои об, маориф ва илм, молия, Раиси Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатӣ, президенти Академияи улум ва дигар шахсони расмӣ ҳамроҳӣ мекунанд.