Зани қирғиз хотираашро гум кардааст: дар Анқара

© Sputnik / Жоомарт УраимовСнимок с социальной сети Facebook пользователя Акбалык Жумалиева. Потерявшая память в Турции
Снимок с социальной сети Facebook пользователя Акбалык Жумалиева. Потерявшая память в Турции - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Кормандони ҳифзи ҳуқуқи Туркия зани 29 сола, шаҳрванди Қирғизистонро дар ҳолате пайдо карданд, ки ӯ дар кӯчаҳои ин шаҳр гашту гузор мекарду ҳатто номашро дар хотир надошт

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Як зани қирғиз дар Анқара хотираи худро гум кардааст.

Дар ин бора Sputnik Қирғизистон бо такя ба равобити умумии Вазорати умури хориҷии Қирғизистон хабар медиҳад.

Пештар дар  бораи ин зан ва ҳодисаи ба хотир надоштани зиндагиаш, дар шабакаҳои интернетӣ навишта буданд.

"Зани 29 сола аз  вилояти Ҷалолобод мебошад. Рӯзи 27 август мақомоти ҳифзи ҳуқуқи Туркия ӯро боздшот карданд. Бо ибтикори сафорати Қирғизистон дар Туркия ин зан аз боздоштгоҳи муваққатӣ озод ва ба яке аз табобатхонаҳои давлатии Анқара равон шуд", — хабар медиҳад манбаъ.

Кормандони сафорати Қирғизистон дар Туркия айни замон талош доранд ҳарчӣ зудтар ин занро ба Қирғиизстон баргардонанд.

Лентаи хабарҳо
0