ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Гурӯҳи коршиносони мустақили СММ оид ба мубориза бар зидди табъизи нажодӣ, аз Тоҷикистон даъват карданд, то ислоҳи Кодекси оиларо, ки мувофиқи он хориҷиён ва шахсони бешаҳрвандӣ ҳуқуқи хонадор шудан бо занони тоҷикро аз даст хоҳанд дод, бекор кунанд.
Дар ин бора дар торномаи маркази СММ хабар дода шудааст.
Ба фикри коршиносон чунин маҳдудиятҳо нақзи ҳуқуқи инсон, аз ҷумла ҳуқуқи интихоби ҳамсар мебошад.
"Кумитаи ислоҳи Кодекси оиларо дар робита бо пешгирӣ аз фурӯши одамон ва муҳофизати занони тоҷик, қабул дорад. Дар баробари ин Кумита қайд мекунад, ки ислоҳот набояд ба ҳич ваҷҳ озодиҳои аслии инсон аз ҷумла ташкили хонавода ва интихоби ҳамсарро маҳдуд кунад", — омадааст дар хабарнома.