Чанд финҷон қаҳва бояд нӯшид, то умр дароз шавад

Обуна шудан
Чаҳор финҷон қаҳва дар як рӯз метавонад хатари марги зудрасро паст кунад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Ба иттилоъи хабаргузории Telegraph, олимон дар паи пажӯҳиши чандинсола ба чунин хулоса омадаанд.

Дар пажӯҳише, ки олимони бритонӣ гузаронидаанд, беш аз 20 ҳазор марду зани миёнсол ширкат кардаву олимон қаҳванӯшӣ ва таъсири онро ба саломатии ширкаткунандагон солҳои тӯлонӣ мушоҳида карданд.

Грант Дандуров - Sputnik Тоҷикистон
Агар чой хушбӯй бошад, барги чой табиъӣ нест: коршинос

Дар натиҷа олимон ба хулоса омаданд, ки агар инсон дар як рӯз ду финҷон қаҳва нӯшад, хатари марги зудрас то 22 дарсад паст мешавад, агар се финҷон — то 30 дарсад ва агар чаҳор финҷон — то 64 дарсад паст хоҳад шуд.

Таҳлилгарон мегӯянд, ки ин таъсири мусбати антиоксидантҳое ҳаст, ки қаҳва аз он таркиб ёфтааст.

Профессор Метин Авкиран муовини мудири Бунёди бритонӣ мегӯяд, ки дӯстдорони қаҳва набояд аз ин маслиҳати олимон сӯистифода кунанд.

Беҳтарин роҳи паст кардани хатари марги зудрас интихоби тарзи ҳаёти солим мебошад.

Лентаи хабарҳо
0