Ширкатҳои тоҷикӣ колоҳои худро дар Маскав ба намоиш мегузоранд

© Sputnik / Стас ЭтвешТоргово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017
Торгово-экономическая ярмарка-выставка СУГД 2017 - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Нӯҳ ширкати тоҷикӣ дар Намоишгоҳи санъати нассоҷӣ дар Маскав колоҳояшонро ба намоиш хоҳанд гузошт

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Дар Намоишгоҳи санъати нассоҷӣ, ки аз 29 август то 1 сентябр дар Маскав баргузор мешавад, нӯҳ ширкат аз Тоҷикистон порчаҳо, нахҳои бофандагӣ ва пӯшоки бачагонаашонро ба намоиш хоҳанд гузошт.

Ба гузориши дафтари намояндагии Маркази тиҷорати байналмилалӣ, аз Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ширкатҳои "Ваҳдат Текстил" ва "ХИМА Текстил" аз Ёвон, "Лидер", "Ортекс", "Раҳимов А.А." ва "Ресандаи Тоҷикистон" аз Хуҷанд, "Ноҳид" аз Истравшан, "Меҳровар" аз Қӯрғонтеппа ва "Олим Текстайл" аз Масчо ҳузур хоҳанд дошт.

Дар ин намоишгоҳ ширкатҳои тоҷикӣ на танҳо ашёи хоме чун нахҳои бофандагӣ ва порчаҳо, балки колоҳои омодае чун ҷӯробу пӯшоки занона, мардона, кӯдакона, корҷома, таҳпӯшҳои мардонаву занона ва дигар маҳсулоти нассоҷиро ба боздидкунандагон пешниҳод хоҳанд кард.

Нассоҷони тоҷик бо пуштибонии молии Давлати Швейсария дар чорчӯби Барномаи ҳамкорӣ дар заминаи бозаргонӣ бо Тоҷикистон дар ин намоишгоҳ ширкат мекунанд.

Намояндагони Тоҷикистон ҳамчунин бо ширкатҳои русӣ ва хориҷӣ дидору гуфтугӯ хоҳанд кард.

Пештар хабар дода будем, ки Тоҷикистон дар назар дорад содироти кафшро ба бозорҳои Узбакистону Қирғизистон роҳандозӣ кунад. Кафшҳои содиротиро дар корхонае дар минтақаи озоди иқтисодии "Панҷ" тавлид хоҳанд кард.

Лентаи хабарҳо
0