ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Мусулмонон шаҳрдори Маскав Сергей Собянинро даъват кардаанд, ки дар маросими ҷашни иди Қурбон шахсан ширкат варзад, хабар медиҳад нахустмуовини Шурои муфтиҳои Русия Рушан Аббосов.
"Барои мо муҳим аст, ки шаҳрдорамон шахсан дар ид ширкат варзад ва муборакбод гӯяд. Мехоҳем расмеро эҳё кунем, ки раисони шаҳр шахсан ба масҷид меомаданд ва муъминонро шодбош мегуфтанд",- гуфтааст Аббосов.
Ба гуфтаи вай, ин амал боиси "мустаҳкам шудани сулҳу ваҳдат" дар дар Маскав — шаҳре, ки намояндагони чандин миллиятӣ ва пайравони чандин дин зиндагӣ мекунанд, мешавад. Ҳоло, ба гуфтаи вай, муроҷиати раисҷумҳур, раиси Ҳукумат, ва шаҳрдори Маскавро раиси Шурои муфтиҳои Русия Равил Ғайнутдин ироа мекунад.
Дар Маскав ва наҳояҳои назди Маскав 1-уми сентябр дар намози ид то 300 ҳазор муъминон метавонанд ширкат варзанд. Хабар дода мешавад, ки танҳо дар Масҷиди ҷомеи Маскав 150 ҳазор мусулмонон ширкат меварзанд.
Гуфта мешавад дар ин рӯз тамоми чораҳои бехатарӣ риоя карда мешаванд — милисаҳо ва Горди миллии Русия навбатдор меистанд ва дарвозаҳои оҳанёб насб мешаванд.
Иди Қурбон- яке аз ду идҳои асосӣ дар дини Ислом аст, ки пас аз 70 рӯзи Иди Рамазон дар рӯзи охири маросими Ҳаҷ ҷашн гирифта мешавад.