Рӯзи иди Қурбон Тоҷикистон Рӯзи фарҳангиашро дар Чин баргузор мекунад

© SputnikПразднование Навруза в Душанбе
Празднование Навруза в Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон 1-уми сентябри соли равон дар шаҳри Пекин баргузор мешавад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Тавре Вазорати фарҳанги ҶТ иттилоъ медиҳад, ба наздикӣ дар қароргоҳи Созмони Ҳамкории Шанхай дар Пекин Рӯзҳои фарҳангии ҶТ баргузор мешавад.

Рӯзи фарҳангии Тоҷикистон дар Пекин рӯзи иди Қурбон- 1-уми сентябри соли равон баргузор мешавад.

Тоҷикистонро дар ин маросим ансамбли рақсии «Ҷаҳоноро», инчунин ҳунарпешагон Ҳақназар Аловатов ва Фирдавс Ҳошимов муаррифӣ хоҳанд кард.

Гуфта мешавад, ҳадаф аз баргузории ин маросим нишон додани фарҳанги тоҷик ба ҷаҳониён мебошад.

Лентаи хабарҳо
0