Тоҷикеро муттаҳам ба ҳамла ба Сарконсулгарии Амрико дар Санкт-Петербург мекунанд

© Sputnik / Владимир ВяткинМерседес, архивное фото
Мерседес, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Афроди номаълуме аз худрави "Мерседес" ба бинои Сарконсулии Амрико дар Петербург ранг партоб карданд, пулис гуфтааст худрав ба як шаҳрванди Тоҷикистон таалуқ дорад

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Чанде афроди ношинос дар кӯчаи Фуршатскии шаҳри Санкт-Петербур аз худрави "Мерседес"  шишаи рангеро ба бинои Сарқунсулии Амрико дар Русия ҳаво дадаанд.

Тавре хабаргузории "Фантанка"  иттилоъ медиҳад, ҳодиса нимашаби 29-уми август рух додааст. Гуфта мешавад, ин амалро ронандаи худрави "Мерседес- Бенз"-и кабуд кардааст.

"Ронанда худравро дар назди бино нигоҳ дошта, истакони рангро ба ҳавлии қунсулӣ ҳаво медизҳад. Дар натиҷа ранг ба бино ва худрави ин ниҳод рехтаст. Пасон "Мерседес" ҳаракаташро ба ҷониби исгоҳи метрои "Чернишевская" идома медиҳад",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Бино бар иттилои "Фантанка" худрав ба як шаҳрванди бекори Тоҷикистон таалуқ дорад. Гуфта мешавад, гумонбаршаванда дар наздикиии қунсулӣ иқомат мекунад.

Пулис ба хонаи истиқоматии ин мард меравад, амо касе дари хонаро боз намекунад. Тафтишот идома дорад, менависад хабаргузорӣ.

Лентаи хабарҳо
0