ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Забони русӣ дар тайи солҳои охир дар Тоҷикистон ҷойгоҳашро аз даст медиҳад, мегӯяд сафири Фавқуллода ва Мухтори Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов.
Ба гуфтаи вай, мутааасифона тайи солҳои ахир қаламрави истифодаи забони русӣ дар Тоҷикистон маҳдуд мешавад. Ба гуфтаи сафир далели он кам шудани русҳо дар Тоҷикистон ва нарасидани муаллимони русӣ дар маткабҳои кишвар мебошад.
"Агар мо чораҳои зарури наандешем, вазъият аз ин ҳам бадтар мешавад. Бояд барои гузтариши ҷойгоҳи забони русӣ дар Тоҷикистон тамоми чораҳоро андешид",- гуфтааст Лякин-Фролов.
Лякин-Фролов гуфтааст, халқи рус доим ҳангоми зарурат ба халқи тоҷик кӯмаки худро дареғ намедошт.
"Ҳоло ҳам ҳамин тавр аст",- афзудааст сафир.
Рӯзҳои наздик аз Русия ба Тоҷикистон 29 муаллим равон карда мешаванд. Илова бар ин ба мактабҳои Тоҷикистон 29 тонна китоби дарсӣ аз ҷониби Русия дастрас мешавад.