Вазорати маориф вақти оғози дарсҳоро дар мактабҳои пойтахт тағйир дод

© Sputnik / Денис Абрамов / Гузариш ба медиабонкСдача ЕГЭ , архивное фото
Сдача ЕГЭ , архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Минбаъд дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 шуруъ мешаванд

ДУШАНБЕ, 29 авг — Sputnik. Шуруъ аз 1 сентябри соли равон  дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе дарсҳо аз соати 8:00 оғоз меёбанд.

Ин қарор дирӯз   дар ҷаласаи ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон   "Дар бораи соати 8:00 оғоз намудани машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии воқеъ дар шаҳри Душанбе" қабул гардид, ки дар асоси он минбаъд реҷаи дарсӣ ба ҳолати муқаррарӣ баргардонида шуда, дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии  шаҳри Душанбе дарсҳо соати 8:00 шуруъ мегарданд.

Гуфта мешавад бо назардошти камшавии танбашавии нақлиёти автомобилӣ ва муътадил гардидани ҳаракати нақлиёти мусофирбари шаҳри Душанбе машғулиятҳои басти якум дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии  шаҳри Душанбе аз соати 8:00 оғоз карда мешаванд. Машғулиятҳои басти дуюм дар муассисаҳои таҳсилоти миёна ва олии касбии шаҳри Душанбе тибқи реҷаи тасдиқгардида бетағйир  боқӣ мондаанд.

Як сол қабл бо пешниҳоди шаҳрдори вақтии Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев ва қарори ҳайати мушовараи Вазорати маориф дар муассисаҳои таълимии Душанбе дарсҳо аз соати 7:30 оғоз мешуданд.

Лентаи хабарҳо
0