ДУШАНБЕ, 27 авг — Sputnik. Аз ин ҳодисаи нохуши нақлиёти Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.
Бино бар иттилои манбаъ, чанде пеш ронандаи худрави "Санг-Йонг-Муссо", Янгихонов Валихон Алихонович соли таваллудаш 1958, сокини шаҳри Душанбе, ҳангоми ҳаракат дар роҳи мошингарди Душанбе-Хоруғ, дар 161-ум километри самти Душанбе аз уҳдаи идораи воситаи нақлиёт набаромада, дар қисмати рости роҳ чаппа шудааст.
Дар натиҷа худи ронанда ҷароҳати вазнини ҷисмонӣ бардошта, ҳангоми ба беморхона бурдан дар роҳ ба ҳалокат расидааст.