Шаҳри бехатар: аз 205 қонуншикании Муродов то ҷаримагурезии Раҳмонова

© Sputnik / Амир ИсаевДорога в Душанбе. Архивное фото
Дорога в Душанбе. Архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати умури дохилии Тоҷикистон феҳрасти ронандаҳоеро, ки қоидаҳои ҳаракат дар роҳҳои Душанберо нақз карда ва маблағи ҷаримаро пардохт накардаанд, нашр кардааст

ДУШАНБЕ, 26 авг- Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии ин ниҳод, ин рӯйхат дар асоси сабти дурбинҳои Маркази низоми худкори идоракунӣ дар соҳаи нақлиёт — "Шаҳри бехатар" пешниҳод шудааст.

Аз ҳама бештар як сокини шаҳри Ваҳдат Абуалӣ Муродов бо худрави "Мерседес бенс" қоидаҳои ҳаракатро нақз кардааст. Бино ба иттилоъи ВКД, ин ронанда дар 205 ҳолат қоидаҳоро вайрон намуда ва ҳанӯз ҷаримаро пардохт накардааст.

Машина милиции в Душанбе, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
БДА ба ронандагон: аз кори нозирони роҳ шикоят доред, ба мо занг занед

"Нексия"-и мутаалиқ ба сокини ноҳияи Рӯдакӣ Иномҷон Ҳакимов 172  бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз кардааст.

Бар хилофи рӯйхатҳои пешин ВКД дар ин феҳрист фақат қоидавайронкунии шаҳрвадон сабт шудааст, на идораву ширкатҳо.

Дар байни ҷаримагурезон номи як зани ронанда ҳам ҳаст. Ҳамин тавр сокини шаҳри Душанбе Кибриё Раҳмонова бо худрави "Ниссан-сефиро" 95 бор қоидаҳои ҳаракат дар роҳро нақз карда то ҳол ҷаримаи худро пардохт накардааст.

Дар умум дар феҳристи ҷаримагурезони ВКД, қонуншикании бист шаҳрванди Тоҷикистон сабт шудааст.

Лентаи хабарҳо
0