Рӯзи дониш дар Тоҷикистон муайян шуд: 1-уми сентябр

© Sputnik / Алексей Куденко / Гузариш ба медиабонкДля школьников России прозвучал Последний звонок
Для школьников России прозвучал Последний звонок - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон оғози соли нави таҳсилро дар кишвар муқаррар кард: 1-уми сентябр Рӯзи дониш аст

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар ҷаласаи мушовараи Вазорати маориф ва илми Тоҷикистон қарори мушовараи вазорат "Дар бораи "Рӯзи дониш" 1 сентябри соли 2017" ба имзо расид.

Бино бар банди аввали ин қарор, 1-уми сентябр дар саросари муассисаҳои таълимӣ дарсҳо бар пояи ҷадвали дарсӣ ба роҳ монда шуда, рӯзи 2-уми сентябри соли 2017 аз ҳисоби 1-уми сентябр рӯзи таътил эълон карда шуд.  Дар ин бора ба Sputnik Тоҷикистон сухангуи ин ниҳод Эҳсони Хушвақт иттилоъ дод.

Ҳамчунин тибқи банди дигари он раисҳову мудирону сардорони раёсатҳои вилояти мухтори Кӯҳистони Бадахшон, Суғд ва Хатлон, сарраёсати маорифи шаҳри Душанбе, раёсат ва мудирони шуъбаҳои шаҳру наҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ новобаста аз шакли ташкиливу ҳуқуқиашон вазифадор гардиданд, ки рафти иҷрои қарори мазкурро таъмин намоянд.

Лентаи хабарҳо
0