"Юсуфи гумгашта боз ояд...": Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон наздикони Марямро ҷустуҷӯ дорад

© SputnikМарям, предполагаемая таджичка в Ираке, архивное фото
Марям, предполагаемая таджичка в Ираке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
ВУД Тоҷикистон наздикони духтаракеро, ки аз яке аз ятимхонаҳои Ироқ ёфт гардид, ҷустуҷӯ дорад

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik.  Милисаи тоҷик наздикони Марямро ҷустуҷӯ доарнд, хабар медиҳад яке аз манбаъҳои  Sputnik Тоҷикистон.

"Ҳоло мо наздикони Марямро ҷустуҷӯ дорем, аммо ҳоло натиҷае дар даст надорем",- гуфт вай.

Чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он навор маълум, шуд, ки аз ин панҷ нафар якеашон зодаи Тоҷикистон аст.

Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо ҳамаи онҳо чанде пеш ба ҳалокат расидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.

Сафорат мегӯяд, агар маълум шавад, ки Марям зодаи Тоҷикистон аст, кишвар ҳама талошашро хоҳад кард то ӯро ба Тоҷикистон бар гардонад.

Лентаи хабарҳо
0