ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Дар паи ҳамлаи ҳаросафканон ба масҷиди Хайрхона дар шимоли шаҳри Кобул 16 кас куштаву 36 кас, аз ҷумла занону кӯдакон захмӣ шудаанд.
Ба гузориши Sputnik Афғонистон, имрӯз афроди мусаллаҳе пас аз ҳамлаи инфиҷорӣ ба ин масҷид ва тирборон кардани намозгузорон, шуморе аз онҳоро гаравгон гирифтанду бо нерӯҳои амниятии Афғонистон даргир шуданд.
Дар ин даргирӣ, ки 5 соат ба дарозо кашид, ҳама муҳоҷимон нобуд карда шуданд.
Масъулияти ин амали ҳаросафканиро созмони теруристии "Давлати исломӣ" ба уҳда гирифтааст.
Ҷунбиши "Толибон" аз ин амалиёт безорӣ ҷуста ва онро маҳкум карда аст.