ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Тоҷикдухтареро дишаб дар шаҳри Маскав таҷовуз ба номус карданд.
Ба иттилоъи хабаргузории "Москва", ин таҷовуз шаби 25-уми август назди Маркази фарҳангии Раёсати ВУД Русия дар Маскав рух додааст. Мушаххас шуда, ки он духтар шаҳрванди Тоҷикистон буда ва дар яке аз хобгоҳҳои пойтахт иқомат доштааст.
"Ҷабрдида гуфтааст, ки ошнояш дар манзиле дар хиёбони Навослободская, 47, ба номусаш таҷовуз кардааст", — омадааст дар гузориши манбаъ.
Дар бемористони "Склифасовский" ташхис додаанд, ки сару синааш кӯфтаву харошида шудааст.
Кормандони пулиси Маскав ин қазияро пайгирӣ доранд. Қарор аст барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз шавад.