ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии шаҳрдории Душанбе, шаҳрдори Душанбе ва сафири Бритониё дурнамои равобиту ҳамкорӣ миёни пойтахти Тоҷикистон ва ниҳодҳои давлатии Бритониёро баррасӣ карданд.
Дар ин дидор таъкид шуда, ки Дафтари рушди байналмилалии Бритониё тасмим гирифта дар татбиқи Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии шаҳри Душанбе то соли 2025 саҳмгузорӣ кунад.