ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Ҳайъати фарҳангиёни бадахшониро, ки муовини раиси ВМКБ Абдулназар Абдулназарзода раҳбарӣ мекард, шаҳрдори Исфара Дилшод Ҷабборӣ ва мардуми шаҳр гарму самимӣ пешвоз гирифтанд.
Ба гузориши равобити умумии ҳукумати вилояти Суғд, ҳайътаи фарҳангии ВМКБ дар Боғи фарҳангию фароғатии маркази шаҳр бар пояи тандиси шоири маъруф Сайфи Исфарангӣ гулу гулдастаҳо гузошта аз гулбоғи шоир дидан кард.
Дар чорчӯби барномаҳои Ҳафтаи фарҳангӣ меҳмонони бадахшонӣ дар шаҳри Исфара аз ширкати "Файзи Навгилем", корхонаи "Баракат", варзишгоҳи маркази шаҳр, майдони Исмоили Сомонӣ ва осоишгоҳи "Зумрад" боздид карданд.
Сипас дар Кохи фарҳанги шаҳр бо ширкати ҳунарпешаҳои ноҳияҳои Ванҷ, Рӯшон, Мурғоб ва шаҳри Исфара барномаи муштараки фарҳангӣ баргузор гардид.
Шаҳрдори Исфара дар маросими оғози ин барнома ташкилу баргузории Ҳафтаи фарҳанги Кӯҳистони Бадахшон дар Суғдро тадбири арзишманде хонд, ки дар ташаккули арзишҳои ахлоқиву маънавии ҷомеа ва тақвияти риштаи дӯстӣ ва ваҳдату ягонагии мардуми тоҷик нақши муассир хоҳад дошт.