Раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон 300 шаҳрвандро бо ҷоизаҳои давлатӣ сарфароз кард

© Пресс-служба президента ТаджикистанаРахмон вручил награды отличившимся гражданам Таджикистана 29 августа 2016 года
Рахмон вручил награды отличившимся гражданам Таджикистана 29 августа 2016 года - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон раисҷумҳур Эмомалӣ Раҳмон бархе аз шаҳрвандонро барои дастовардҳои чашмгир дар бахшҳои гуногун бо ҷоизаҳои давлатӣ ва дараҷаҳои низомиву интизомӣ сарфароз кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Эмомалӣ Раҳмон дар остонаи ҷашни истиқлоли Тоҷикистон дастовардҳои чашмгири бархе аз шаҳрвандонро бо унвону ҷоизаҳои давлатӣ, дараҷаҳои баланди низомӣ ва интизомӣ арҷгузорӣ кард.

Бино ба гузориши Дафтари матбуотии раисҷумҳурӣ, кишвардори Тоҷикистон маросими эътои ҷоизаҳои давлатиро имкони муносиб барои муаррифии дастовардҳои шаҳрвандон ба миллат хонд.

Эмомалӣ Раҳмон 300 кас аз кормандони ниҳодҳои давлатӣ, нерӯҳои низомӣ ва интизомӣ, илмиву фарҳангӣ, иқтисоду бозаргонӣ ва хидматгузорони давлатиро барои дастовардҳои чашмгир дар кору хадамоташон бо ҷоизаҳои давлатии Тоҷикистон — нишони "Зарринтоҷ" дараҷаи II, нишони "Спитамен" дараҷаи II, нишони "Шараф" дараҷаҳои I ва II, медоли "Ҷасорат", медоли "Хидмати шоиста", медоли "Шафқат", унвонҳои ифтихории "Нависандаи халқии Тоҷикистон", "Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон", "Корманди шоистаи Тоҷикистон" ва Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон сарфароз кард.

Дар миёни сарфарозшудагон бо ҷоизаҳои давлатӣ мутахассисони касбу кори гуногун, аз ҷумла омӯзгорон, адибон, табибон, коргарону сохтусозгарон, роҳсозон ва кормандони нерӯҳои интизомӣ ва сохторҳои низомӣ ҳастанд.

Бо фармонҳои раисҷумҳури Тоҷикистон роҳбарони Додситонии кулл, Вазорати умури дохила, Кумитаи давлатии амнияти миллӣ бо дараҷаҳои махсуси "генерал-полковники адлия", "генерал-полковники милитсия", "генерал полковник" ва бархе аз кормандони Вазорати умури дохила, Вазорати дифоъ, Нерӯҳои марзбонӣ ва Гвардияи миллӣ бо дараҷаҳои "генерал-майори милитсия", "генерал-майор", "генерал-майори гвардия" сарфароз шуданд.

Ҳамчунин гурӯҳе аз донишмандон, аз ҷумла пажӯҳишгарони ҷавон, дар риштаҳои табиъӣ, риёзӣ, тиббӣ, улуми бунёдӣ, иқтисод, фанноварӣ ва улуми инсонӣ бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷоизаи давлатии Исмоили Сомонӣ дар соли 2017-ро дарёфт карданд.

Лентаи хабарҳо
0