Сироҷиддин Аслов бо Андрей Василев ҳамкориҳои Тоҷикистону UNECE-ро баррасӣ кард

© Sputnik / Алексей Филиппов / Гузариш ба медиабонкСироджиддин Аслов, архивное фото
Сироджиддин Аслов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо мулоқот кард

ДУШАНБЕ, 25 авг — Sputnik. Рӯзи гузашта мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ барои Аврупо (UNECE) ҷаноби Андрей Василев баргузор гардид.

Зимни мулоқот тарафҳо оид ба масъалаҳои мубрами ҳамкориҳои Тоҷикистону UNECE, аз ҷумла дар соҳаи иқтисод, савдо, нақлиёт, муҳити зист, инчунин масъалаҳои марбут ба татбиқи Стратегияи миллии рушди Ҷумҳурии Тоҷикистон барои то соли 2030 мубодилаи афкор анҷом доданд.

Ҷонибҳо ба мувофиқа расиданд, ки дар татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал "Об барои рушди устувор" 2018-2028 ҳамкориҳои судмандро идома диҳанд.

Лентаи хабарҳо
0