ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури дохилаи ҶТ, садама бо иштироки капитани маст 22-юми августи соли 2017, соати 21:30 дар хиёбони Саъдӣ Шерозӣ рух додааст.
"Худрави "Опел-Астра", таҳти идораи ваколатдори калони оперативии шуъбаи таҳлилии банақшагирӣ ва ҳамкориҳои байналмилалии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон, капитани Раҳимови 31-сола ҳангоми ҳаракат аз тарафи кӯчаи Садриддин Айнӣ ба самти кӯчаи Қаҳҳоров, дар ҳудуди кӯчаи Саъдӣ Шерозии пойтахт пиёдагард Маҳмадов Хисрав Бобохонович соли таваллудаш1984, сокини ноҳияи Восеъро зада аз пой афтондааст", —омадааст дар иттилоъия.
Гуфта мешавад, ки ронанда капитани милиса маст будааст.
Манбаъ афзуд, ки дар натиҷа пиёдагард ҷароҳатҳои вазнини ҷисмонӣ бардошта, дар беморхона бистарӣ гардидааст:
Нисбати ҳодисаи мазкур аз ҷониби шуъбаи тафтишотии РВКД дар шаҳри Душанбе мавод тартиб дода шуда, аз рӯи тобеъият барои чораандешӣ ба Прокуратураи шаҳри Душанбе ирсол карда шудааст.