ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар ин сабқат дастаҳои "Бархоруғ" ва "Поршинев" байни ҳам рақобат карданд.
Ин бозӣ бо ширкати панҷ ҳазор тамошобин дар варзишгоҳи марказии шаҳри Хоруғ гузаронида шуд.
Дар ин мусобиқа дастаи "Бархоруғ" бо ҳисоби 2:1 рақибони худ аз тими "Поршинев"-ро мағлуб карда мақоми аввалро аз худ кард.
Ин чорабинии варзишӣ ба 26-умин солгарди истиқлолияти давлатии Тоҷикистон бахшида шуда буд.
Пештар хабар дода будем, ки рӯзҳои 8-10 сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои кишварӣ баргузор мешаванд.
Тибқи нақша мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои куштии миллӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, варзиши сабук, сангбардорӣ, шиноварӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва пешниҳоди намоишҳои бозиҳои миллии мардумӣ баргузор мегардад.