ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъ равобити умумии ВКД ҶТ, музояда рӯзи 26 июл дар толори Раёсати БДА баргузор мешавад.
Ба таваҷҷуҳи соҳибони воситаҳои нақлиёт расонида мешавад, ки дар торихи 26 августи соли 2017 аломати сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ба таври музояда фурӯхта мешаванд.
Музояда аз соати 10:00 дар толори Раёсати БДА оғоз мешавад.
"Нархи як лот 630 сомониро ташкил медиҳад", — омадааст дар иттилоъия.
Манбаъ меафзояд, ки хоҳишмандон бояд: нусхаи шиносномаи миллӣ, рақами мушаххаси андозсупоранда ва нусхаи ҳуҷҷатҳои ҳуқуқмуайянкунанда ба воситаи нақлиётро бо худ дошта бошанд.
Рақамҳои зебо дар сафҳаи хабарии ВКД нашр шудааст.
БДА пештар аломатҳои сабти давлатии силсилаи "ЕС 01" ва "ВА" ва "ВВ" — 07"-ро ба фурӯш гузошта буд.
Пештар БДА хабар дод, ки гувоҳии ронандагоне, ки аксашон дар муддати 10 сол иваз нашудааст, беэътибор дониста шуда, ронандагӣ бо чунин ҳуҷҷат қонуншиканӣ дониста мешавад ва ронандагон муҷозот хоҳанд шуд.
Муддати замони иваз кардани шумораҳои сабти давлатии василаҳои нақлияе, ки бо стандарти давлатӣ (СТ ҶТ 1020-2013) созгор нестанд, то якуми декабри соли 2017 тамдид карда шуд.