ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Дар шаҳри Остонаи Қазоқистон садамаи мудҳиш рух дод. Дар ин садама се кас захмӣ шуда дар бемористон бистарӣ гардид.
Ба гузориши Sputnik Қазоқистон, садама дар яке аз кӯчаҳои марказии пойтахти Қазоқистон бо бархӯрди 10 навъи нақлиёт ба амал омад.
Манбаъ меафзояд, ки ронандаи автобус аз ӯҳдаи идораи нақлиёт набаромада ба нӯҳ худрав бархӯрдааст.
Се кас дар натиҷаи ин садама ҷароҳатҳои гуногуни ҷисмонӣ бардошта дар бемористон бистарӣ шуданд.
Аз рӯи қазияи мазкур мақомоти қудратии ин кишвар таштишот бурда истодааст.