Узбакистон аз Русия дархост кард, ки амволи Гулнора Каримоваро ба ҳабс гиранд

© AP / Mikhail MetzelГульнара Каримова, архивное фото
Гульнара Каримова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Моҳи октябри соли 2013 зидди Гулнора Каримова барои тамаъҷӯӣ ва пардохт накардани андоз аз ҳисоби даромад парвандаи ҷиноӣ боз шуд

ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Тавре додситонии кулли Узбакистон  иттилоъ медиҳад, ҳукумати Узбакистон аз Русия дархост кардааст, ки амволи духтари собиқ раисҷумҳури Узбакистон Гулнора Каримова ба ҳабс гирифта шавад.
"Аз додситонии кулли ҷумҳурии Узбакистон дархост шудааст, дар парвандаи Каримова кӯмаки ҳуқуқӣ расонида шавад- амволи Гулнора Каримова дар Русия ба ҳабс гирифта шавад",- омадааст дар гузориши манбаъ.

Пештар хабар дода шуда буд, ки тиҷорати Гулнора Каримова аз падараш ва ҷамъимят пинҳон буданд.

Гулнора Каримова бино бар чанд моддаи Қонуни ҷиноии Узбакистон зиндонӣ шуд.

Гуфта мешавад, ки Гулнора Каримова муттаҳам ба судури табаҳкорӣ аз рӯи шаш моддаи Қонуни кайфарии Узбакистон, аз ҷумла тақаллуб, пинҳон кардани арзҳои хориҷӣ, нақзи қонунгузории гумрукӣ, омодасозии санадҳои тақаллубӣ ва пулшӯӣ мешавад.

Вай аз соли 2013 то кунун хоназиндон буд ва акнун маҳкум ба 5 соли зиндон шуд.

Бино бар иттилоъи Додситони кулли Узбакистон, бозҷӯии иттиҳомоте, ки бар Гулнора Каримова зада шуда буд, собит кард, ки вай бо гурӯҳи табаҳкоре ҳамдастӣ доштааст. Ин иттиҳомот ҳамчунин дар 12 кишвар, аз ҷумла Русия, собит шудаанд.

Давлати Узбакистон аз дигар кишварҳо низ дархост карда, ки дороиҳои гурӯҳи созмонёфтаи табаҳкорер, ки Гулнора Каримова ҳамдасташ буд, забту мусодира кунанд.

Лентаи хабарҳо
0