Фарҳод Одинаев: Оши палав аввалин иқдоме нест, ки тоҷикон дар Русия анҷом медиҳад

© Facebook / Фарход ОдинаевФарход Одинаев, таджик который раздавал плов застрявшим в аэропорту Домодедово паломникам
Фарход Одинаев, таджик который раздавал плов застрявшим в аэропорту Домодедово паломникам - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Тоҷикон бештар амалҳои хайрхоҳонаашонро пинҳонӣ анҷом медиҳанд, аммо гоҳе бояд аз ин гуна иқдомҳо хабар дод то чеҳраи тоҷикон дар Русия барҷастатар шавад, мегӯяд Фарҳод Одинаев
ДУШАНБЕ, 24 авг — Sputnik. Фарҳод Одинаев муҳоҷире аз Тоҷикистон аст, ки дирӯз 100 тан аз зоирони Маккаро, ки дар фурудгоҳи "Домодедово" дар Маскав дар монда буданд, нону ош додааст.

Вай дар суҳбат бо хабарнигори Sputnik Тоҷикистон гуфт, ки намехост ин иқдом расонаӣ шавад, вале мепазирад, ки огаҳирасонӣ аз ингуна иқдомот чеҳраи тоҷиконро дар Русия барҷастатар мекунад.

Шумо аз дар мондани тоҷикон дар фурудгоҳ кай огаҳӣ ёфтед?

—  Дар шабакаи иҷтимоъии Фейсбук бо Расул Тавдиряков ном фаъоли иҷтимоъие дӯстӣ дорам. Ман ин хабарро шабона аз навиштаҳои вай дар Фейсбук хондам. Субҳ назди ҳамсояамон ҳоҷӣ Олимҷон рафтам ва бо вай маслиҳат кардем, ки зоиронро кумак расонем. Вай гуфт, биёед палав мепазем ва ман бозор рафта ҳама лавозимоти оши палавро харида омадам. Соат 8 буд, ки мо пухтани палавро оғоз кардем ва наздикиҳои 12 буд, ки онро пухтему ба фурудгоҳ расондем. Дар роҳ тарбузаву харбуз ва нӯшобаҳо низ харидем.

—  Оши тоҷикӣ ҳоҷиёнро писанд омад?

—  Онҳо аз ин иқдоми бачаҳои тоҷик бисёр хурсанд шуданд ва шигифтзада ҳам буданд, ки чӣ гуна маҳз тоҷикон аввалин шуда ба кумакашон шитофтаанд, зеро дар миёнашон зоирони тоҷик кам буданд. Онҳо ҳайрон ҳам шуданд, ки шумо чигуна ба ин зудӣ ин хӯрокро омода карда овардед? Мо гуфтем, ки барои тоҷикон оши палав пухтан мушкиле надорад.

—  Аз чанд килуграм биринҷ ош пухтед?

—  Камобеш 20 кг биринҷро ош кардем. Мо дар ҳавлӣ зиндагӣ мекунем ва ҳамонҷо як деги калонро мондему ошро пухтем.

© Из личного архива Фархода ОдинаеваКазан с пловом, архивное фото
Казан с пловом, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Казан с пловом, архивное фото

—  Зоирони дармонда чанд кас буданд?

—  Камобеш сад кас.

—  Оё ба манзури хоссе ба ин иқдом даст зада будед?

—  Ростӣ, ман ба кишварҳои бисёре сафар кардаам. Агар сафари мусофирон дар фурудгоҳ бештар аз 4 соат ба таъхир афтад,  ширкати мусофирбарӣ бояд онҳоро бо хӯрок ва ҷойи хоб таъмин кунанд. Аммо аз таҷрибаи худам медонам, ки гоҳе ширкатҳои мусофиркбар ин хадамотро намерсонанд.

Аслан ангезаи ин иқдом ин набуд, ки онҳо ҳаҷҷ равон буданд. Балки дидем, ки онҳо бо мушкиле дуҷор шудаанд ва ҳамчун инсон ба кумакашон шитофтем. Аз ин иқдомот пештар ҳам кардаем, аммо ба касе намегуфтем.  Масалан, чанд сол пеш, ки дар фурудгоҳи "Домодедово" амалиёти интиҳорӣ сурат гирифту рафту омад миёни фурудгоҳу шаҳр мушкил шуд, мо бо чанд бародарони тоҷик якҷо шуда, мусофиронро ройгон то метро мерасондем, дар ҳоле, ки дигар таксиронҳо аз ин фурсат суъистифода карда, нархи хадамоташонро даҳ баробар гарон карда буданд.  Ин гуна иқдомот кам набуданд, аммо аз ин корҳои мардуми тоҷик касе хабар намеёбад. Ба фикри ман, барои он ки обрӯи тоҷикон дар Русия беҳтар шавад, бояд бархе корҳоеро анҷом дод. Аслан расонаҳо пур аз хабарҳоест, ки аз ҳоли табоҳи тоҷикон дар Русия нақл мекунад. Аммо ин ҷиҳати зиндагии тоҷикони Русия низ бояд дар расонаҳо бозтоб дода шавад, то чеҳраи тоҷикон дар Русяи барҷастатар шавад.

—  Оё Шумо иттиҳоде ё созмоне доред дар Русия?

— Не, ҳоло надорем. Пештар доштем, маркази фарҳангии "Нур" ном дошт.

© Facebook / Расул ТавдиряковТаджикская диаспора накормила застрявших в Домодедово паломников
Таджикская диаспора накормила застрявших в Домодедово паломников - Sputnik Тоҷикистон
Таджикская диаспора накормила застрявших в Домодедово паломников

Фарҳод Одинаев марди 40-солаи тоҷикест, ки 20 сол боз дар Русия зиндагӣ ва кор мекунад. Ҳоло вай роҳбари яке аз ширкатҳои сохтмонии Маскав аст. Мегӯяд ин гуна иқдомотро идома хоҳад дод, то обрӯи тоҷикон дар Русия беҳтар шавад.

Рӯзи гузашта намояндагони диаспораи тоҷикон дар Русия ба фурудгоҳи Домодедова барои ҳоҷиён аз ҷумҳурии Бошқиристон, ки зиёда аз як рӯз дар фурудгоҳ монад буданд, хӯроки гарм ва дигар маҳсулотҳоро расонаиданд. Аз ин иқдоми мардони тоҷик  Расул Тардияков дар Фейсбук гузориш дод, ки вокунишӯҳои зиёди корбарони интернетро ба пай овард. Аксари корбарони шабакаҳои иҷтимоӣ аз ин иқдоми мардони тоҷик дастгирӣ карданд ва муташаккир шуданд.

Аллакай чанд рӯз аст, ки аз фурудгоҳҳои Маскав наздики 700 ҳоҷиён наметавонанд ба Арабистони Саудӣ парвоз кунанд. Далели таъхири сафари онҳо тайёр набудани раводид гуфта мешавад. Мувофиқи баъзе маълумотҳо гурӯҳи аввали онҳо бояд имрӯз соати17:00 парвоз кунанд.

Лентаи хабарҳо
0