ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Раисҷумҳури Узбакистон Шавкат Мирзиёев шабакаиTelegram боз кард. Сафҳаи расмии раисҷумҳур рӯзи 19 август боз шудааст, паёми нахустин бошадрӯзи 21 август пайдо шуд.
Дар сафҳаи раисҷумҳур расмҳо аз охирин дидори ӯ ва боздидҳо аз манотиқи гуногуни кишвар, ҳамчунин линки кӯтоҳ ба қарорҳо ва фармонҳои ӯ ҷой дода шудаанд.
Ҳамчунин Мирзиёев дар шабкаи Instagram ҳам сафҳа боз кардааст. Ин сафҳа ҳам моҳи августи соли равон боз шудааст. То имрӯз дар сафҳаи Шавкат Мирзиёев чаҳор ҳазор ҳамванд аъзо шудаанд.
Пештар хабар дода шуд, ки барои бори нахуст дар таърихи Узбакистон Вазрати кор — дар Telegram сафҳа боз кардааст. Дар ин ҷо мақомот аз ҳолатҳои истифодаи ғайриқонуни меҳнати кӯдакон хабар медиҳад.
Ҳамчунин ин ҷо шумораи ягонаи вазорат навишта шудааст, ки ҳар кас метавонад ба саволҳои худ оида б амасъалаҳои кору меҳнат посух бигирад.