ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити умумии Вазорати умури хориҷии ҶТ, дар ин мулоқот ҷонибҳо раванди рушди равобити ду кишварро баррасӣ карданд.
Музаффар Муҳаммадӣ ва Рамлан Иброҳим доир ба масоили калидӣ дар муносибатҳои дуҷониба – баргузории нахустин ҷаласаи Кумисюни муштараки байниҳукуматии Тоҷикистон ва Малайзия сухан гуфтанд.
Ҳамчунин дар ин мулоқот ҷонибҳо дар бораи аввалин Машваратҳои дуҷониба байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар мувофиқат карда, дар мавзуъи пайдо кардани роҳҳои воқеъӣ барои тавсеъаи ҳамкориҳо дар самтҳои гуногун, аз ҷумла иқтисод, фарҳанг, тиҷорат, маориф ва ғайра табодули назар карданд.