Пирӯзии тоҷикдухтар: Садорат дорандаи "дилработарин лабханд" шинохта шуд

© Фото : Smile UniverseСадорат Маматкулова, архивное фото
Садорат Маматкулова, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Садорат Мамадқулова дар давраи ниҳоии озмуни "Зеботарин лабханди ҷаҳон" барандаи ҷоизаи раиси ҳайъати доварон - "Дилработарин лабханд" шуд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Садорат Мамадқулова дар озмуни байналмилалии "Зеботарин лабханди ҷаҳон" дорандаи "дилработарин лабханд" шинохта шуд. Вай барандаи ҷоизаи Раиси ҳайъати доварони озмун шуд.

Пештар зебосанам ба даҳгонаи давраи ниҳои озмуни "Зеботарин лабханди ҷаҳон" роҳ ёфта буд.

Давраи ниҳоии озмунро родюи ЛипетскFM имрӯз аз соати 08:05 то 08:15 мустақим пахш кард ва дар он ғолибони озмун муайян гардиданд.
Садорат Мамадқулова 25 сол дорад ва дар яке аз созмонҳои бонкӣ фаъолият дорад.

Гулнигор Тиллоева - Sputnik Тоҷикистон
Гулнигор Тиллоева: зебосанами забондон ва пуштибони муҳоҷирон

Озмуни байналмилалии "Лабханди ҷаҳон" озмуне иҷтимоъӣ аст, ки дар он хонумҳое метавонанд ширкат кунанд, ки 18 ва бештар сол дошта бошад. Қаду қомату вазну вазъи хонаводагии бонувон муҳим нест.

Муҳимтарин меъёр дар ин озмун доштани назари мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо аст.

"Ҳадафи аслии ин тарҳ — усутувор кардани дӯстӣ миёни мардумони ҷаҳон аст. Ин озмун бо ҳадафи ташвиқи ханда, некӣ ва хушрафторӣ бо дигарон баргуор мешавад. Яке дигар аз ҳадафҳои тарҳ шиносоии духтаронест, ки нигоҳи мусбат ба зиндагӣ ва лабханди зебо доранд", — гуфта мешавад дар вебгоҳи озмун.

Барандагони ин озмун на танҳо диплому ҷоиза, балки пешниҳоди ширкат дар тарҳҳои иҷтимоъиро низ дарёфт мекунанд. Ҷоизаи аслии ин озмун 2 ҳазор дулори амрикоӣ аст, ки ба дорандаи зеботарин лабханд тақдим мешавад.

Ин озмун моҳи майи соли равон оғоз шуд. Он аз се давра — чорякфинал, нимниҳоӣ ва ниҳоӣ иборат аст.

Лентаи хабарҳо
0