Русия ба Тоҷикистон 30 омӯзгор ва 70 ҳазор китоби дарсӣ мефиристад

© Sputnik / Андрей Иглов / Гузариш ба медиабонкУчебники издательства "Просвещение", архивное фото
Учебники издательства Просвещение, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Русия то оғози соли нави хониш камобеш 70 ҳазор китоби дарсӣ дар ихтиёри мактабҳои русизабони Тоҷикистон қарор медиҳад

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Бунёди "Ҷаҳони русӣ" дар Тоҷикистон дар гузорише эълом кардааст, ки Русия то оғози соли нави хониш камобеш 70 ҳазор китоби дарсӣ дар ихтиёри мактабҳои русизабони Тоҷикистон қарор медиҳад.

Семь учителей из республики Дагестан отправятся в рабочую командировку в Таджикистан - Sputnik Тоҷикистон
Омодагии омӯзгорони доғистонӣ барои сафар ба Тоҷикистон

Ба гуфтаи мудири Идораи барномаҳои омӯзишии Бунёди "Ҷаҳони русӣ" Виктор Буянов, ин созмон бо дастури раиси маҷлиси Шурои федеросюни Русия Валентина Матвиенко  20 тон китобу донишафзорро ба Тоҷикистон хоҳад бурд.

Ин китобҳо барои омӯзиши забону адабиёти русӣ, риёзӣ, физика, зистшиносӣ, химия, информатика дар дигар риштаҳо дар ихтиёри мактбаҳои русизабон қарор дода хоҳанд шуд.

Китобҳоро ба мактабҳо Вазорати маорифу илми Тоҷикистон тақсим хоҳад кард.

Афзун бар ин китобҳо, то оғози соли нави хониш 30 омӯзгори забони русӣ, химия, физика, риёзиёт, зистшиносӣ ва роёна (информатика) аз манотиқи гуногуни Русия барои донишомӯзӣ ба шогирдони мактабҳои русии Тоҷикистон ба кишвар фиристода хоҳанд шуд.

Лентаи хабарҳо
0