Дар Донишгоҳи русӣ-тоҷикӣ барои муҳоҷирон давраҳои омӯзишӣ баргузор мешаванд

© Sputnik / Александр Кряжев / Гузариш ба медиабонкУчебные пособия по русскому языку для мигрантов, архивное фото
Учебные пособия по русскому языку для мигрантов, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Шаҳрвандонеро, ки қасди муҳоҷират ба Русия ва кор дар он кишварро доранд, забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русияро меомӯзонанд ва барои имтиҳонҳои дарёфти муҷаввизи кор омода мекунанд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Донишгоҳи Русияву Тоҷикистон шаҳрвандонеро, ки қасди муҳоҷират ба Русия доранд, ба давраҳои омӯзишӣ фаро мехонад.

Чуноне, ки вебгоҳи ДРТ иттилоъ медиҳад, дар ин давраҳо забони русӣ ва қонунгузории муҳоҷиратии Русия омӯзонида мешаванд.

Гуфта мешавад, афзун бар ин дарсҳо, муҳоҷиронро барои имтиҳонҳое омода мекунанд, ки дар марказҳои муҳоҷиратӣ барои дарёфти муҷаввизи кор месупоранд.

Дар ин давраҳо ҳар хоҳишманде метавонад бо пардохти 75 сомонӣ ширкат кунад ва пас аз анҷомашон гувоҳиномаи Донишгоҳи славянии Русияву Тоҷикистонро дарёфт кунад.

Давраҳои омӯзишӣ бо пуштибонии Бонки ҷаҳонӣ, Вазорати маорифу илми ҶТ ва Вазорати кору муҳоҷирату шуғли аҳолии ҶТ баргузор мешаванд.

Лентаи хабарҳо
0