ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Фарҳангиёни Бадахшон ба рӯзноманигорон аз таасуротҳои хеш пас аз боздиди маконҳои таърихиву фарҳангии вилояти Суғд нақл карданд. Дар ин бора дафтари матбуотии Ҳукумати вилоят иттилоъ медиҳад.
Ҳафтаи фарҳангии Бадахшон дар вилояти Суғд 21 август оғоз гардид. Меҳмононро дар даромадгоҳи нақби "Истиқлол"-и ноҳияи Айнӣ муовини якуми раиси вилоят Раҳматзода Рустам Мирзо, муовини раиси вилоят Назира Fаффорӣ ва намояндагони шаҳру навоҳии вилоят бо гулу гулдаста, карнаю сурнай ва нону ширинӣ пешвоз гирифтанд.
Сипас, меҳмонон ба деҳаи Зоосуни ноҳияи Айнӣ раҳсипор гардида, дар пояи Муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ гулчамбар гузошта, аз Хона — мӯзейи ин шоири номдор дидан намуданд ва таассуроти хешро баён намуданд.
Азима Шодмонбекова ном донишомӯзи яке аз мактабҳои шаҳри Хоруғ гуфтааст, хело хурсанд аст, ки аз хона музейи шоири маъруфи тоҷик Нақибхони Туғрал дар ноҳияи Айнӣ бори нахуст дидан кард.
Таҳмина Назархудоева —сокини ВМКБ ва донишҷӯӣ Донишгоҳи давлатии Хуҷанд таасуроти худро чунин баён мекунад:
— Мо имрӯз хеле хурсанд ҳастем, ки дар чунин як чорабинии бошукӯҳ иштирок дорем ва дар ин сафар мо аз мавзеъҳои таърихии ноҳияи Айнӣ дидан кардем. Аз ҷумла муҷассамаи шоир Нақибхон Туғрали Аҳрорӣ ва Хона — мӯзейи ин шоири шинохтаи тоҷик таассуроти бой бахшиданд. Мардуми ин минтақа меҳмондӯсту меҳмоннавоз, моро хеле хуб пешвоз гирифтанд. Мо, мардуми Бадахшон миннатдории худро ба Пешвои муаззами миллат мерасонем, ки чунин як рӯзҳои фарҳангиро эҳё карданд, мо бо ин васила тавонистем, байни ҳамдигар дӯстиву рафоқат пайдо намоем, аз суханони ҳамдигар илҳоми тоза гирем. Чунонки мегӯянд, меҳр дар чашм аст.
Ника Баранова ном омӯзгоре аз ноҳияи Ишкошим миннатдории худро барои пешвози самимона ба мардуми вилояти Суғд баён мекунад ва мегӯяд, мақсади баргузор шудани ин ҳафтаи фарҳангӣ мустаҳкам гардидани дӯстӣ зиёд шудни иртиботҳо байни сокинони вилоятҳост.