Додгоҳи Русия иҷоза дод ҷасадҳои аъзои гурӯҳи GTA-ро ба Тоҷикистон бибаранд

© Sputnik / Виталий Белоусов / Гузариш ба медиабонкВ Подмосковье задержаны участники банды, которую подозревают в серии убийств на автодорогах
В Подмосковье задержаны участники банды, которую подозревают в серии убийств на автодорогах - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Додгоҳ аз наздикони табаҳкороне, ки дар задухӯрди мусаллаҳона бо пулис кушта шуда буданд, пурсон шуда, ки оё мувофиқанд парвандаашон баста шавад? Хешовандон ризоят додаанд ва гуфтанд, ки ба Русия омадаанд то ҷасадҳои наздиконашонро ба Тоҷикистон бибиранд

ДУШАНБЕ, 23 авг — Sputnik. Хешовандони ду узви кушташудаи гурӯҳи табаҳкори GTA ба додгоҳи Русия гуфтаанд, ки мухолиф нестанд дарвандаи наздиконашон баста шавад. 

Ба гузориши расонаҳои русӣ, ду тан аз хешовандони аъзои гурӯҳи табаҳкори GTA, ки аввали моҳи август дар задухӯрди мусаллаҳона бо кормандони пулис кушта шуда буданд, аз ҷумла хушдомани Мирзомавлон Мирзошарипов ва бародари Абдумуқим Мамадҷонов, ба додгоҳи Русия гуфтаанд, ки мухолифи баста шудани парвандаи наздиконашон нестанд.  

"Ман ба Русия барои бурдани ҷасади домодам омадаам ва мухолиф нестам, ки парвандааш баста шавад", — гуфтааст хушдомани Мирзошарипов ба додгоҳ.

Бародари Мамадҷонов низ аз додгоҳ дархост кардааст, ки парвандааш баста шавад.

Ёдоварӣ мекунем, ки 5 узви гурӯҳи GTA, ҳангоме, ки кормандони пулис онҳоро аз Додгоҳи вилояти Маскав ба зиндон мебураданд, онҳоро гаравгон гирифта буданд ва дар задухӯрде, ки бо нерӯҳои Росгвардия ҳамонҷо сар зад, се касашон кушта ва якеашон сахт захмӣ шуд. яке аз сарбозони Росгвардия низ тир хӯрда ва ду корманди пулис ҳам захмӣ шуда буданд.

Солҳои 2012 — 2014 дар вилояти Маскав гурӯҳе даст ба кушторҳои вазнин мезаданд. Расонаҳои Русия онро бо номи бозии машҳури компютерӣ "банда GTA" ном доданд.

Бино ба додаҳои нерӯҳои интизомӣ, ин гурӯҳи табаҳкорро соли 2012 Ибайдулло Субҳонов ташкил карда буд. Он камобеш 15 шаҳрванди кишварҳои Тоҷикистон, Қирғизистон ва Узбакистонро дар бар мегирифт.

Лентаи хабарҳо
0