ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ҳунарманди номдори Ҳолливуд, Жан-Клод Ван Дамм ва муборизи ҳарбҳои омехта Ҷефф Монсону Федор Емеляненко меҳмонони олиқадри размоиши Asian Fight- 2017 мешаванд.
Ба гузориши Sputnik Узбакистон, ин размоиш бо дастгирии пешкорони Русия ва Нидерланд дар майдони "Бунёдкор"-и Тошканд баргузор мешавад. Дар ин сабқат шаш размоиш миёни варзишкорони узбак ва намояндагони дигар кишварҳои ҷаҳон гузаронида мешавад.
Размоиш рӯзи 9 сентябр баргузор мешавад.
Ситораи Ҳолливуд меҳмони сабқати варзи Asian Fight — 2017 дар Узбакистон мешавад ва ғолибон аз дасти ӯ туҳфаҳои "Uzmobile"-ро дарёфт хоҳанд кард. Миёни тӯҳфаҳо рақамҳои "тиллоӣ", аксбардорӣ бо ситораҳо омода шудааст.