ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Ба гузориши равобити ҳукумати вилояти Суғд, ин китоб феҳристи осори илмиву оммавии Қаҳрамони Тоҷикистон академик Бобоҷон Ғафуров ва асарҳоеро дар бар гирифтааст, ки зери таҳрири вай ба чоп расидаанд.
Дар китоб мақолаҳое дар бораи ин шахсияти барҷаста ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва инглисӣ низ ҷой дода шудаанд.
Муаллиф ва мураттиби китоб номзади улуми торих, донишёри Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюбҷон Усмонов рӯзгору осори академик Ғафуровро бар асоси осори илмӣ таҳлил карда ва аз китоби Эмомалӣ Раҳмон "Чеҳраҳои мондагор" гуфтаҳое дар бораи корномаи сиёсиву илмии вай овардааст.
Ин китоб осорномаи академик Бобоҷон Ғафуровро аз соли 1928 то соли 2012 фаро мегирад ва туҳфаи арзандае ба ҷашни 110-умин солгарди зодрӯзи аллома Бобоҷон Ғафуров хоҳад буд.