ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Кӯдаки даҳсолае, ки як моҳ дар кома қарор дошт, ба худ омаду сухан гуфт.
Дар ин бора мудири беморсаро ё ҳосписи кӯдакона ва Созмони иҷтимоъии "Ёрирасонӣ осон аст" Динора Алоева ба хабарнигори Sputnik Қирғизистон хабар дод.
Ба гуфти ӯ, ин кӯдак аз баландӣ сарозер шудаву сараш сахт лат хӯрдааст. Пештар падари ин кӯдак дар гузашта буду модараш ӯро ба тарбияи модаркалонаш вогузор кардааст.
Замоне, ки кӯдак дар кома буд, модарбузургаш наметавониста аз ӯ муроқибат кунад ва ин вазифаро пизишкони Бемористони шаҳрӣ бар дӯши худ гирифтанд.
"Вақле Даниел ба худ омад, мо ӯро аз ҳоспис гирифтем. Ҳамакнун ду ҳафта мешавад, ки кӯдак дар бемористони мо бистарӣ аст. Рӯзе, ки ӯ худ хӯрок хӯрданро оғоз кард, мо бисёр хушҳол шудем. Имрӯз ӯ дубора сухан гуфтан гирифт", — гуфтааст Алоева.
Нахустин ҳоспис ё беморсарои бачагона дар шаҳри Бишкек ду сол пеш бунёд шуда буд. Кормандони ин беморсаро беморони сангинро нигаҳубин мекунанд.