Марям: танҳо ду бародари модарамро мешиносам, ки яке дар Сурия ва дигаре дар Душанбе аст

© SputnikМарям, предполагаемая таджичка в Ираке, архивное фото
Марям, предполагаемая таджичка в Ираке, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марям, ки эҳтимол меравад фарзанди шаҳрвандони Тоҷикистон бошад, мегӯяд, аз хешовандонашон касеро намешиносад, аммо номи ду бародари модарашро медонад, ки яке аз онҳо дар Душанбе ва дигаре дар Сурия аст

ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Шабакаи телевизюнии Russia Today чанде пеш бо интишори як навори дигар аз яке аз ятимхонаҳои кишвари Ироқ, дар бораи Марям, ки эҳтимол меравад фарзанди шаҳрвандони Тоҷикистон аст, маълумоти бештаре дод. Ин бор муҷрии барнома аз Марям хонаводаву наздиконашро ҷӯё шуд.

Муҷрӣ нахуст номи падарбузургу модарбузургашро пурсид. Аммо Марям на номи бобо ва номи бибиашро гуфта наметавонад. Вай мегӯяд, ки ду "танҳо бародарони модарамро медонам, ки якеашон Саид ва дигаре Маъруф ном доранд". Аз гуфтаи вай бармеояд, ки яке аз наздиконаш дар Тоҷикистон аст, зеро мегӯяд "Маъруф, бародари модарам, дар Душанбе аст".

Ба гуфтаи Марям, вай дар Миср ба дунё омадааст ва пас аз чанд муддат иқомат дар Миср бо волидонаш ба Ироқ рафтааст.

—  Ту бобо ва бибӣ дорӣ?

—  Бале

—  Номи онҳоро медонӣ?

—  Не, ман номи онҳоро намедонам, аммо модарамро ва ду бародари модарамро медонам, ки номи яке аз онҳо Саид ва дигаре Маъруф аст. Саид дар Сурия аст.

—  Ту дар Миср таваллуд шудаӣ?

—  Бале, дар Миср.

—  Он ҷо наздиконат ҳастанд?

—  Не.

—  Кӣ ба хонаатон ба меҳмонӣ меомад?

—  Меҳмонони бисёре меомаданд, аммо номашонро намедонам.

—  Бо падарат ягон касро медидӣ?

— Бале, медидам, аммо номашонро намедонам. Ман фақат ду бародари модарамро медонам, ки яке ин ҷо дар Сурия аст ва дигаре дар Душанбе аст.

—  Агар акси онҳоро нишон диҳанд, мешиносӣ?

—  Не.

Ҷолиб аст, ки Марям забони русиро балат аст, ҳарчанд, ки худ мегӯяд дар яке аз кишварҳои арабӣ таваллуд шудааст.

Ёдовар мешавем, чанде пеш хабар дода шуд, ки дар яке аз ятимхонаҳои Ироқ 5 духтарак ва писараке пайдо шуданд, ки ба забони русӣ ҳарф мезананд.

Хабарнигори Russia Today ба ин ятимхона рафта, аз аҳволи онҳо хабар гирифта буд. Пас аз он навор маълум, шуд, ки аз ин панҷ нафар якеашон зодаи Тоҷикистон аст.

Худи Марям гуфта буд, ки дар Миср таваллуд шудааст ва як додар ва хоҳар низ доштааст, ки онҳо ҳам дар Миср таваллуд шудаанд, аммо ҳамаи онҳо чанде пеш ба ҳалокат расидаанд.

Сафорати Тоҷикистон дар Русия мегӯяд, аз ҳама ниҳодҳои Тоҷикистон расман дархост кардааст, ки дар шиносоии ҳувият ва миллияти Марям ва хонаводааш ҳамкорӣ кунанд.

Сафорат мегӯяд, агар маълум шавад, ки Марям зодаи Тоҷикистон аст, кишвар ҳама талошашро хоҳад кард то ӯро ба Тоҷикистон бар гардонад.

Лентаи хабарҳо
0