ДУШАНБЕ, 22 авг — Sputnik. Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ки дар шаҳри Душанбе як шаҳрванд бо роҳи фиреб бизнеси ҳамшаҳриашро аз худ кардааст.
Бино бар иттилои манбаъ, гумонбаршуда, бо роҳи фиреб коргоҳи пластикбарории ҳамшаҳриашро гӯё мехарад, аммо ду сол мешавад, ки маблағи онро бар намегардонад.
Гуфта мешавад, арзиши дастгоҳҳои коргоҳ 40 ҳазор дулори амрикоиро ташкил медодааст.
Гумонбаршуда дастгир шуда, тафтишот идома доштааст.