ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиш, рӯзҳои 8-10 сентябри соли 2017 дар шаҳрҳои Душанбе, Турсунзода, Ваҳдат, Ҳисор, ноҳияҳои Шаҳринав, Варзоб ва Рӯдакӣ мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ баргузор мешаванд.
Тибқи нақша мусобиқаҳои мазкур аз рӯи намудҳои куштии миллӣ, чавгонбозӣ, шоҳмот, варзиши сабук, сангбардорӣ, шиноварӣ, дастхобонӣ, бандкашӣ ва пешниҳоди намоишҳои бозиҳои миллии мардумӣ баргузор мегардад.
Мусобиқаи куштини миллӣ, намоиши бозиҳо, ва маросими ҷоизасупории ҳамаи намудҳои варзиш соати 17:00 рӯзи 10 сентябр дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе баргузор мешавад.
Ғолибон ва ҷоизадорони ин чорабиниҳо бо медалу диплом ва тӯҳфаҳои хотиравии Кумитаи тадорукоти чорабинӣ ва сарпарастон қадрдонӣ мегарданд.
Ин ҷорабинии варзишӣ ба Рӯзи истиқлолияти давлатӣ ва Соли ҷавонони бахшида мешавад.
Ҷадвали баргузории барномаҳои варзишӣ дар торномаи Кумитаи варзиш ва ҷавонон нашр шудааст.