Ҳалокати гардишгари рус пас аз кӯҳнавардӣ дар кӯҳҳои Помир

© Стас ЭтвешСкорая помощь, архивное фото
Скорая помощь, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Фишори баланди ҳаво дар кӯҳҳои Тоҷикистон ба саломатии кӯҳнаварди рус зарар овард

ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи расонаҳои русӣ, кӯҳнавард Александр Абаев дар бемористони шаҳри Душанбе ба ҳалокат расид.

Ёдоварӣ мекунем, ки саломати ин гардишгар пас аз баромадан ба кӯҳҳои Помир,  ду ҳафта пеш бад шуд. Ӯ ҳангоми баромадан ба кӯҳҳои Помир худро бад ҳис кард. Тариқи чархбол Александрро аз ҷои ҳодиса гирифтаву ба бемористон бурда буданд.

Ҳолати бемор вазнин буд ва ӯро ҷарроҳӣ карданд.

Вале ҷарроҳӣ барои сиҳат шудани кӯҳнавард ёрӣ накарду ӯ дар бемористони шаҳри Душанбе ҷон бохт.

Ҷасади кӯҳнаварди рус ба Ватанаш интиқол дода шуд. Маросими ба хоксупорӣ дар қишлоқи Пивоварихаи Иркутст сурат гирифт.

Лентаи хабарҳо
0