ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Сарвазири Қирғизистон Сооронбой Жээнбеков аз симаташ истеъфо медиҳад.
Ба гузориши Sputnik Қирғизистон нахуствазир ин қарори худро пас аз сабти номаш дар Комиссиия интихоботӣ барои пешбарӣ ба мақоми равҳбарии давлат эълом кардааст.
"Ман метавонистам муваққатан истеъфо диҳам, шариконам ҳам чунин маслиҳат доданд, вале ман қарор кардам, ки бояд бо дигар номзадҳо дар як сатҳ бошам. Имрӯз аризаи истеъфоямро менависам. Ҳоло ҷаласаи ҳукуматӣ даъват мекунем. Пас аз нимарӯзӣ аризаи истеъфоямро ба раисҷумҳур пешниҳод мекунам", — изҳор дошт Жээнбеков.
Интихоботи президентӣ дар Қирғизистон 15 октябр баргузор мешавад.
То ин замон фақат номзадии ду кас расман қабул шудааст. Нахуст 59 кас барои сабти ном ба Комиссияи интихоботӣ муроҷиат карданд. Айни замон шумораи онҳо 50 нафар боқӣ монд.