ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Дар ин мусобиқот, ки то 30 август идома меёбанд, аз Тоҷикистон ҳафт донишҷӯи Донишкадаи тарбияи ҷисмонии Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард.
Бино ба иттилоъи равобити умумии Кумитаи миллии олимпии ҶТ, донишҷӯёни варзишкори тоҷик дар се намуди варзиш — ҷудо, варзиши даву майдонӣ, теннис ширкат мекунанд.
Тоҷикистонро дар ин мусобиқот Фаридун Ашӯров (партофти диск, гулӯла), Абдурауф Мусоев (гурзандозӣ), Зарина Шарипова ва Шаҳноза Баротова (тенниси рӯи миз), Ҳусниддин Зарипов (ҷаҳиш ба баландӣ), Шуҳрат Усмонов (дав дар 200 ва 400 метр), Беҳрӯз Хоҷазода (ҷудо, 73 килуграм) намояндагӣ мекунанд.