ДУШАНБЕ, 21 авг — Sputnik. Равобити умумии Вазорати умури дохилаи Тоҷикистон аз дастгир шудани як шаҳрванд ба иттиҳоми куштор хабар дод.
Ба гузориши ин ниҳод, кормандони нерӯҳои интизомӣ 20 август, дар паи баргузории амалиёти бозҷӯӣ марди 32-солае аз шаҳри Хуҷандро ба иттиҳоми содир кардани куштор дастгир кардаанд.
Гуфта мешавад, ки вай ҳамон рӯз, дар паи ҷанҷоле мастона дар манзили зани 34-солае аз шаҳри Хуҷанд бо марди 32-солае, ӯро лату кӯб кардаву куштааст.
Нерӯҳои интизомӣ барои бозҷӯии ин қазия парванда оғоз кардаанд.