ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити мақомоти вилояти Суғд дар рафти ҷамъомад ғолиби озмуни "Маркази саломатии беҳтарин" эълом шуд.
Ба гузориши манбаъ беш аз 1000 нафар ба дастгирии маркази саломатии "Оббурдон" овоз додаанд.
Дар паи овоздиҳӣ Маркази саломатии "Оббурдон" ғолиби озмуни ноҳиявӣ дониста шуда, ба сарвари ин марказ диплом, ҷоиза ва туҳфаи хотиравӣ эҳдо гардид.
Пештар хабар додем, ки дирӯз ба ифтихори зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва рӯзи "Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон" дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия" ифтитоҳ шуд.
Ин марказ дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркардаи рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ (фасовка), таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, асептикӣ, истеҳсоли оби муқаттар, таҷҳизоти муосир мебошад.