Дору арзон мешавад: дар Душанбе маркази дорусозӣ ифтитоҳ шуд

© Sputnik / Саид Царнаев / Гузариш ба медиабонкЦентр по профилактике и борьбе со СПИДом
Центр по профилактике и борьбе со СПИДом - Sputnik Тоҷикистон
Обуна шудан
Марказ дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркардаи рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ (фасовка), таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, асептикӣ, истеҳсоли оби муқаттар, таҷҳизоти муосир мебошад

ДУШАНБЕ, 20 авг — Sputnik. Бино ба иттилоъи равобити умумии Вазорати тандурустӣ, дирӯз ба ифтихори зодрӯзи олим, файласуф ва ҳакими тоҷик Абӯалӣ ибни Сино ва  рӯзи "Иди касбии кормандони тибби Тоҷикистон" дар Донишгоҳи тиббии Тоҷикистон  ифтитоҳи Маркази  таълимиву илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия" сурат гирифт.

© Фото : Аз равобити умумии Вазорати тандурустӣИфтитоҳи маркази дорусозӣ дар Душанбе
Ифтитоҳи маркази дорусозӣ дар Душанбе - Sputnik Тоҷикистон
Ифтитоҳи маркази дорусозӣ дар Душанбе
  

Дар расми ифтитоҳи  Маркази  таълимиву илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия"-и Донишгоҳи мазкур Насим Олимзода Вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон, роҳбарияти идораҳои мухталифи ин ниҳод иштирок намуданд.Марказ дорои ҳуҷраҳои барҳавои фитобар, коркардаи рустаниҳои шифоӣ, қадоқкунӣ (фасовка),  таҳлили кимиёвии маводи доруворӣ, асептикӣ, истеҳсоли оби муқаттар, таҷҳизоти муосир мебошад.

Заготовка корма на сельскохозяйственной ферме, архивное фото - Sputnik Тоҷикистон
Беш аз 5000 килу гиёҳҳои шифобахш дар Балҷувон ҷамъоварӣ шуд

"Маркази таълимӣ, илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия" таъсис дода шуд, ки барои тайёр кардани мутахассисони соҳаи дорусозӣ, ба ҳайси маводи доруворӣ истифода кардани ашёи хоми ватанӣ, ба роҳ мондани таҳқиқотҳои илмӣ —амалӣ дар ин соҳа пешбинӣ шудааст", — гуфт вазир.

Насим Олимзода Вазири тандурустии Тоҷикистон зимни суханронӣ дар расми ифтитоҳи Маркази таълимиву илмӣ ва истеҳсолии "Фарматсия" гуфт, ки: "Ҳукумати Тоҷикистон ҷиҳати дар ҳаёт татбиқ намудани  ислоҳоти соҳаи тандурустӣ корҳои назаррасеро ба сомон расонида, вазифаҳои муҳимро дар назди масъулон ва кормандони соҳа гузоштааст, ки ҳаллу фасли онҳо барои беҳтар гаштани сифату самаранокии хизматрасонии тиббӣ мусоидат мекунанд.

Лентаи хабарҳо
0